ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР БИНОИ ТАҲСИЛИ ИЛОВАГӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №110 БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Рӯзи 30 октябри соли 2026 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бинои таҳсили иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 110 бо шукӯҳу шаҳомати хос мавриди истифода қарор гирифт. Ин боргоҳи маърифат, ки барои 240 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Шарифзода Бахтиёр ва Раиси ноҳияи Шоҳмансур, муҳтарам Олимзода Сафар Маҳмадшо барои наврасон боз гардид.
Сохтмони ин муассисаи зебо дар доираи ҳамкориҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва Бонки рушди Олмон (KfW) амалӣ гардида, ҳадафи асосии он беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои насли ояндасоз мебошад. Корҳои бунёдӣ ва сохтмонии бинои нави таълимӣ 25 июли соли 2025 оғоз ёфта, бо дасти устодону сохтмончиёни соҳибтаҷриба 22 октябри соли 2026 ба анҷом расиданд. Бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 860 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ин боргоҳ 10 синфхонаи барҳаво, ҳуҷраи омӯзгорон, китобхона ва утоқи кории роҳбар ҷойгир шудаанд, ки бо тамоми таҷҳизот ва шароити муосири омӯзишӣ таъмин гардидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки иншооти мазкур дар доираи лоиҳаи «Дастгирии пешбурди таҳсилоти асосӣ ва дастрасӣ ба иншооти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиена дар деҳот» бунёд ёфтааст. Ифтитоҳи ин муассиса қадами устувор ва муҳим дар самти рушди инфрасохтори соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи фарзандони диёр саҳми арзанда мегузорад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ