Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Райан дар минтақаи озоди иқтисодии Суғдро ба истифода доданд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари кишвар иттилоъ дода шуд, ки иқтидори технологияи насбшуда истеҳсоли 65 тонна маҳсулот дар як шабонарӯзро дар бар гирифта, дар корхона 60 ҷойи корӣ муҳаё гашт.
Тавлиди нӯшокиҳои табобатии алоэ-вера, чойи хунук ва шарбати мева самти асосии фаъолияти корхона ба шумор меравад. Оби нӯшокии алоэ-вера барои рӯдаю меъда хусусияти табобатӣ дорад ва тақрибан 60 фоизи маҳсулоти корхона барои содирот пешбинӣ шудааст. Дар хатти якуми технологӣ зарф бо андозаҳои гуногун ва дар хатти дуюм маҳсулоти ташнагишикан истеҳсол карда мешавад.
Гуфта шуд, ки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Райан дар доираи дастгирию таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши хусусӣ аз ҷониби Саидамон ва Ҷаҳонгирхон Исомиддинзодаҳо бунёд шудааст. Технология аз Италия, Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, ҳамкорӣ бо мутахассисони хориҷӣ барои табодули таҷриба ва истеҳсоли маҳсулоти босифат дар корхона мусоидат мекунад.
Корхона аз ду хатти технологӣ, анбори нигоҳдории маҳсулот ва бинои маъмурӣ иборат мебошад. Дар ҳуҷраҳои корию маҷлисгоҳи бинои маъмурӣ мутобиқ ба талабот шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Таъсиси корхона имкон фароҳам овард, ки истеҳсоли оби нӯшокии алоэ-вера дар Тоҷикистон ба роҳ монда шавад ва вобастагӣ аз воридоти ин намуди маҳсулоти саноатӣ коҳиш ёбад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи навро дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, фарогирии шаҳрвандон ба кор ва ноил шудан ба саноатикунонии босуръати кишвар муҳим арзёбӣ намуда, намояндагони бахши хусусиро барои истифодаи муфид аз имтиёзу сабукиҳои андозию гумрукӣ ва дигар дастгириҳои Ҳукумати кишвар ҳидоят намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд 29 субъект ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ машғул буда, соли равон аз ин шаҳраки саноатӣ ба 12 давлати дуру наздик маҳсулот содир карда шудааст.
Дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд дар 9 моҳи соли 2026 ба маблағи умумии 485 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 66 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ