МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОН БАХШИДА БА РӮЗИ КОСТИТУТСИЯ
Дар асоси Нақша чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии наваскарон дар МД "Боғи ғалаба ва нигоҳдории ҷангал"-и шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар маросими мазкур Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Генерал - полковник - Собирзода Эмомалӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Гулаҳмадзода Зулфиқор, муовини Раиси шаҳри Душанбе - Исмоилзода Нурҷаҳон ва дигар масъулин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тибқи нақша давоми рӯз дар 35 боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва қисмҳои низомии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки масъулини сохторҳои болозикр ва бо ҷалби волидони наваскарону ҷавонони синни даъватӣ дар фазои тантанавӣ маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид.
Сипас, наваскарон бо нидои садоқат ба Ватан савганди ватандорӣ ёд намуда, дар ҳузури шаҳрвандон ва ҷавонони синни даъватӣ,гузашти низомӣ баргузор шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ