ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз!
Сокинони меҳандӯсти пойтахт!
Бо самимияти хос ҳамаи шуморо бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.
Конститутсия дар таърихи давлатдории навини тоҷикон на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки ифодагари иродаи сиёсӣ, андешаи давлатсозӣ ва интихоби таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад.
Аҳаммияти таърихии ин санад, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки истиқлолияти давлатӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин самтҳои асосии рушди ҷомеаро дар як низоми мукаммали ҳуқуқӣ таҷассум намуд.
Бо қабули он Тоҷикистон роҳи мустақили давлатсозии худро муайян карда, барои таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии давлат имкониятҳои нав фароҳам овард.
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ арзишҳои конститутсионӣ ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии кишвар табдил ёфта, дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи суботу оромӣ ва пешбурди ислоҳоти гуногунҷанба нақши муҳим бозидаанд.
Итминон дорам, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон бо эҳтиром ба Конститутсия ва арҷгузорӣ ба истиқлолияти давлатӣ минбаъд низ дар таҳкими давлатдории миллӣ, ободонии Ватан ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бори дигар ҳамватанони азиз ва ҳамдиёрони бурунмарзиамонро ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломатӣ, ободӣ, хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи пойдорро орзу менамоям.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ