Ифтитоҳи Коргоҳи маводи ҷолинусӣ (галеникӣ) дар назди Парки технологии Донишгоҳи милии Тоҷикистон
Дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳамон ва ҷиҳати амали гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040” дар назди Парки технологии Донишгоҳи милии Тоҷикистон Коргоҳи маводи ҷолинусӣ (галеникӣ) ифтитоҳ ёфт.
Дар даромадгоҳи донишгоҳ нахуст ширкаткунандагони ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон аз дастовардҳои устодону донишҷӯён дар риштаи истеҳсоли маводҳои технологӣ, ки дар пойгоҳҳои ин муассисаи олии таълимии кишвар тавлид мешаванд, боздид карданд.
Сипас, ҳайати меҳмонон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён аз Озмоишгоҳи нанотехнологияи Институти илмию таҳқиқотии назди Донишгоҳи миллӣ дидан карданд.
Дар озмоишгоҳ нанотехналогия имконияти гузаронидани таҳлил ва ташхиси мавод: маъданҳои кӯҳӣ, об, ашёи минералӣ, маҳсулоти саноати металлургӣ, фарматсевтӣ, хоҷагии қишлоқ мавҷуд мебошад. Дар ин озмоишгоҳ барои муайян намудани таркиби маводҳои зикргардида аз усулҳои атомӣ-эмиссионии спектралӣ, атомӣ-абсорбсионӣ, потенсиометрӣ, волтамперометрӣ, фотометрияи маҳлулҳо, фотометрияи алангавӣ, спектрометрияи инфросурх ва ултробунафш ва аз усулҳои химиявӣ истифода бурда мешавад.
Ҳамзамон, меҳмонон аз МАРКАЗИ БИОТЕХНОЛОГИИ назди донишгоҳ боздид ба амал оварданд. Мақсади фаъолияти Маркази биотехнологӣ – рушди тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи биотехнология, коркарди самтҳои пажӯҳишҳои илмӣ дар асоси афзалиятҳои давлатии инкишофи илмӣ-техникӣ бо назардошти аҳамияти иҷтимоӣ-иқтисодии он мебошад. Вазифаҳои асосии Маркази биотехнологӣ аз рушди таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи биотехнология, инкишофи пажӯҳиши бунёдӣ ва амалӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибихтисос, ҷустуҷӯи самтҳои таҳқиқоти замонавӣ иборат мебошад. Макази фаъолияти илмии худро аз соли 2013 оғоз намудааст. Равияҳои илмии Марказ – биотехнологияи растаниҳо ва биотехнологияи микроорганизмҳо мебошад. Маркази биотехнологӣ бо 15 пажуҳишгоҳи илмӣ, аз он ҷумла бо 6 маркази илмии Тоҷикистон, 2 пажуҳишгоҳи илмии Россия, 5 пажуҳишгоҳи илмии Беларус, 1 пажуҳишгоҳи илмии Гурҷистон, 2 пажуҳишгоҳи илмии Қазоқистон ва 2 хоҷагии деҳқонии Тоҷикистон дар асосӣ шатрномаи дуҷониба ҳамкорӣ дорад.
Инак, бори нахуст дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар ҷумҳурӣ дар асоси натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимони варзидаи Институти илмию таҳқиқотӣ ва дар заминаи Парки технологии донишгоҳ КОРГОҲИ МАВОДИ ҶОЛИНУСӢ (галеникӣ) таъсис кушода шуд. Коргоҳи мазкур бевосита бо ташаббус ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, иқдоми амалиест дар роҳи татбиқи дастовардҳои илм ба истеҳсолот. Коргоҳи маводи ҷолинусӣ коргоҳи истеҳсоли химиявӣ-фарматсевтие мебошад, ки дар он аз манбаҳои табиӣ моддаҳои фаъоли биологӣ, ғизоӣ ва доруворӣ ба даст оварда мешавад. Маҳсулоти нимтайёри ба даст овардашуда дар натиҷаи коркарди минбаъда ва стандартонӣ то ба маҳсулоти тайёри доругӣ ва ё ғизоӣ расонида мешавад.
Дар ин коргоҳ шаклҳои доруворӣ: маҳлулу луобиҳо, шаробу экстрактҳо, сиробу мушкобаҳо, моддаҳои инфиродӣ ва дигар маҳсулоти табиӣ ба даст оварда мешаванд, ки дар бозори истеъмолӣ ҳамчун маҳсулоти баромадашон табиӣ арзиш ва талаботи зиёд доранд. Фаъолияти коргоҳ ҳамчунин барои омодасозии муттахассисон, коршиносони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ, бозомӯзии мутахассисони ширкатҳо ва муассисаҳои фармасевтии ватанӣ чун пойгоҳи таҷрибавии истеҳсолӣ хизмат хоҳад кард. Дар ин коргоҳ мутахассисони ҷавон донишҳои назариявии худро дар амалия санҷида, маълумоти зарурии соҳаи дорусозиро ба даст хоҳанд овард. Фароҳам шудани чунин шароит метавонад ҷиҳати баланд шудани савияи дониши мутахассисони ҷавон дар илмҳои дақиқ ва оянда равнақ ёфтани нақши илм дар истеҳсолот мусоидат намояд. Оғози фаъолияти Коргоҳи маводи ҷолинусӣ барои ташкилсозии дигар коргоҳҳои низоми саноати фарматсетӣ заминаи бунёдӣ фароҳам оварда, дар татбиқи Ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - Саноатикунонии босуръат ва вазифаҳои дар панҷсолаи «Солҳои 2022- 2026 - Солҳои рушди саноат» гузошташуда мусоидат менамояд.
Аснои баргузории қисмати тантанавии ҳамоиши идона ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳбарияти донишгоҳ ба истифода додани КОРГОҲИ МАВОДИ ҶОЛИНУСӢ ва фаъолияти дигар зарфиятҳои истеҳсолии фаъоли ДМТ дастоварди арзишманд унвон карда, онро ба ҳадафҳои Солҳои рушди саноат созгор ва натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни донишгоҳ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Зимни ибрози андеша муовини сарвазири мамлкат Матлубахон Сатториён ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ва ба фаъолият оғоз кардани иқтидори нави технологӣ дар заминаи ДМТ таҳният гуфта, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст.
Дар идома номбруда доир ба аҳмияти коргоҳҳои истеҳсолии мавриди назар адешаҳои худро баён дошт. Гуфта мешавад, ки фаъолияти чунин бахшҳо дар донишгоҳҳо барои робитаи илм ба истеҳсолот заминаи воқеӣ фароҳам менамояд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ