Маъракаи ниҳолшинонӣ ва шанбегӣ аз ҷониби Шуъбаи маорифи Исмоили Сомонӣ
Дар пайи тадбирандешиҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар роҳи таъмини муҳити тозаи экологӣ тавассути шинонидану парвариш кардани гулу дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, хусусан туфайли муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба «Шаҳри гулрез» табдил додани шаҳри Душанбе, дар пойтахти мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба миён омад. Дар ин замина аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо истифода аз ҳавои мусоид маъракаи ниҳолшинонӣ ва гулшинонӣ доир гардид.
Дар ҷараёни маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва дигар кормандони фаъол иштирок намуданд. Дар асоси нақшаи чорбаниҳои созандагиву ободкорӣ аз ҷониби кормандон дар ҳудуди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 70 ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд.
Бояд гуфт, ки ҳоло сокинони пойтахт ва кормандони касбу кори гуногун бо нишони ҷонибдорӣ аз иқдомҳои созандаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар назди ҳавлӣ, атрофи биноҳои истиқоматӣ, корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо, мутташакилона ба маъракаи ниҳолшинонӣ пайвастаанд.
Бо ташаббуси шуъбаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ин ҳафта низ дар рузҳои истироҳатӣ маъракаи умуминоҳиявии шанбегӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона амалӣ карда шуд. Дар ин корҳои созанда асосан кормандони бахши маорифи ноҳия аз худ фаъолнокӣ нишон дода, дар корҳои ободонӣ саҳм гузоштанд.
Кормандони бахши хоҷагидории муассисаҳои таҳсилоти томактабии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо истифода аз фурсат ва шароити мусоид бехи гулу буттаҳо ва дарахтони ороиширо нарм намуда, қисми дигари кормандон минтақаҳои сабзазоршавандаи худро аз алафҳои бегона тоза намуда, дар он маконҳо гулҳои мавсимӣ ва ороишӣ шинониданд.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои таълимии томактабии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳар мавсим гулҳои ороишии ҳудуди кӯдакистонҳо иваз карда мешаванд. Ҳамзамон бо ин масъулин минтақаҳои сабзазоршавандаро нарм намуда, дар онҳо алафҳои ҳамешасабзро кориданд. Чанд муддат инҷониб бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳудуди ноҳия ҳашарҳои дастаҷамъона доир карда мешавад, ки дар ҷараёни он масъулин ва кормандони бахшми маориф саҳми босазо мегузоранд. Ин тадбири ободонӣ агар аз як ҷиҳат ба хотири тозаву озода намудани гирду атроф бошад, аз ҷониби дигар баҳри таъмини муҳити тозаи экологӣ замина фароҳам месозад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ