Вохӯрии роҳбарияти шуъбаи дин танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД шаҳри Душанбе бо имомхатибони масҷидҳои ҷомеи пойтахт
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқоти роҳбарияти шуъбаи дин танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо имомхатибони масҷидҳои ҷомеи пойтахт доир гардид.
Дар вохӯрӣ як қатор масоили марбут ба пешгирии хурофотпарастӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тақвият додани назорати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷумлаи мавзӯҳое буд, ки дар оғози мулоқоти масъулини шуъбаи дин танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷухи ҳозирин расонида шуд.
Таъкид гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" муфид буда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, ки нерӯи пурқудрат, такягоҳ ва боигарии давлат маҳсуб меёбанд, нақши созандае дорад. Яке аз ҳадафҳои ин санади муҳим дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷомеа тарбияи намудани фарзандон мебошад.
Қайд гардид, ки қонуни мазкур вазифаҳо ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидонро нисбат ба фарзандон мушаххас карда, татбиқу риояи он барои тарбияи устувори ахлоқии ноболиғону наврасон ва омода кардани онҳо ба тарзи ҳаёти солими оилавӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Бояд қайд намуд, ки ояндаи миллат вобаста ба таълиму тарбияи насли наврас аст, аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, фарзандонро дар рӯҳияи меҳантдӯстиву худшиносии миллӣ ба камол расонанд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ