image

Идомаи корҳои тамизкорӣ дар соҳили дарё ва кӯчаву хиёбонҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range04.02.2023, 11:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye264

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ин ҳафта низ дар рӯзҳои истироҳатӣ маъракаи умуминоҳиявии шанбегӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона амалӣ карда шуд.

Дар ин корҳои созанда асосан кормандони бахши коммуналии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз худ фаъолнокӣ нишон дода, дар корҳои ободонӣ саҳм гузоштанд. Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ соҳили дарёи хиёбони Ҳофизи Шерозиро аз алафҳои худрӯй тоза намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади саҳмгузорӣ дар корҳои созандагӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳар ҳафта шанбегиҳо ташкил карда шуда, дар ҷараёни он фаъолон дар ободу зебо намудани муҳити атроф саҳм гузоштанд.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои таълимии томактабии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳар мавсим гулҳои ороишии шудуди кӯдакистонҳо иваз карда мешаванд. Дар ин замина қаламчаи гули садбарг ва дигар гулҳои мавсимт дар ҳудуди кӯдакистонҳои ноҳия шинонида шудаааст. Дар ин рӯз масъулин минтақаҳои сабзазоршавандаро нарм намуда, дар онҳо алафҳои ҳамешасабзро кориданд.

Бояд гуфт, ки чанд муддат инҷониб бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳудуди ноҳия ҳашарҳои дастаҷамъона доир карда мешавад, ки дар ҷараёни он масъулин ва кормандони саҳми босазо мегузоранд. Ин тадбири ободонӣ агар аз як ҷиҳат ба хотири тозаву озода намудани гирду атроф бошад, аз ҷониби дигар баҳри таъмини муҳити тозаи экологӣ замина фароҳам месозад.

Минбаъд низ чунин корҳои созанда бо ҷалби кормандони дигар бахшу сохторҳои зертобеъи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ амалӣ карда хоҳад шуд.

Валиҷон Шарифзода

"ТВ Душанбе"