image

Натиҷаи фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷиии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар соли 2022

date_range08.02.2023, 13:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye425

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷиии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода айни ҳол 87 нафар устодони дараҷаи илмидошта фаъолият доранд, ки аз онҳло 10 нафар доктори илм, профессор, 61 нафар дотсент, 16 нафар номзади илм мебошанд, ки назар ба соли 2021-3 нафар доктори илм ва 11 нафар номзади илм зиёд аст. Ин нукта аз ҷониби масъулин зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти донишгоҳ дар соли 2022 ба хабарнигорон пешниҳод шуд.

Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷиии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ректори ин донишгоҳ Жило Гулназарзода таъкид намуд, ки дар соли 2022 шумораи умумии донишҷӯёни шакли рӯзона 3256 нафар, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 1800 нафаро ташкил медиҳад, ки маҷмуан шумораи умумии донишҷӯён 5 ҳазору 56 нафар аст, ки 3606 нафари онҳо ё ин, ки 71,3 дарсадро духтарон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон таҳлилҳои омории соли охир нишон дод, ки динамикаи афзоиши шумораи донишҷӯён ба назар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 3,7 дарсад ё ин, ки 190 нафар зиёд гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ Донишгоҳро 932 нафар аз ҷумла 17 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд. Бояд зикр кард, ки дар тақсимоти давлатии гурӯҳҳои буҷавии ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ 128 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ сафарбар шуданд. Ҳамзамон Роҳбарияти донишгоҳ дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки дар соли 2022 дар Донишгоҳ Маркази омӯзиши корномаи Пешвои миллат бо фарогирии беш аз 665 нусха адабиёт таъсис дода шуд, ки ҳадафи он шиносоии донишҷӯён аз фаъолияти густурда ва созандаву бохиради Сарвари давлат дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Ҳамчунин бо истифода аз нерӯи илмии ҳайати устодону профессорон бори аввал тарҷумаи ҷилди аввали асари Пешвои миллат “Забони миллат ҳастии миллат” бо забони хориҷӣ: русӣ англисӣ ва чинӣ роҳандозӣ шуда, он ба нашр расид.

Бояд тазаккур дод, ки 29-уми декабри соли сипаришуда бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донишкада мақоми байналмилалиро касб карда, ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷиии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода табдили ном кард.

Имрӯз дар Донишгоҳи мазкур мутахассисон аз рӯйи 11 забон ва 31 ихтисос дар зинаи бакалавриат, 5 ихтисос дар зинаи магистратура ва 5 ихтисос дар зинаи докторантура бо касбҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир омода карда мешавад.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"