image

Баргузории ҳамоиши “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон кафили ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон”

date_range09.02.2023, 15:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye399

Бо ташаббуси роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон кафили ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон” ҳамоиш баргузор шуд.

Тавре қайд гардид, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон рукни асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакатро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати тақвияти ҳимоя ва ҳифзи Ватан, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа муқаррарот пешбинӣ гардидааст.

Қобили тазаккур аст, ки таҳкими раванди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур ибрози назар менамоянд.

Ҳамчунин вобаста ба мавзӯи ҳамоиш зикр гардид, ки ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба ватандӯстӣ собит месозад, ки бояд дар ин ҷода тадбирҳои самарабахш таҳия ва амалӣ карда шаванд. Барои он ки дар ниҳоди насли ҷавону навраси кишвар эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан гирад, онҳо қабл аз ҳама бояд аз забон, таърих ва фарҳанги пурғановату арзишмандамон огоҳии бештаре дошта бошанд. Бо назардошти чунин муносибатҳо бевосита дар сатҳи санадҳои қонунгузорӣ ва барномавӣ давра ба давра муайян, муқаррар ва раванди мазкур ҷоннок карда шудааст.

Дар идома вобаста ба “Заминаҳои ҳуқуқии ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар Тоҷикистон”, “Ҳифзи Ватан - уҳдадории конститутсионии шаҳрвандон” ва дигар мавзуъҳо маъруза пешниҳод гардид.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"