Вохӯрии масъулину кормандони ВКД Ҷумхурии Тоҷикистон бо роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ
Дар вохӯрии навбатӣ, ки дар толори МТМУ №72 ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Фирдавсӣ, расиони кумитаи маҳалл ва фаъолони ҷомеа доир гардид, сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонон ва ноболиғони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва сардорони Шӯъбаҳои ВКД 1 ва 2 дар ноҳияи Фирдавсӣ, ҳамзамон намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия ширкат ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронии хеш хозирин таъкид намуданд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба масъалаи тарбияи Ватандӯстӣ ва ба илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани ҷавонон таъкидҳои махсус намуда, масъулини сохторҳои давлатиро муваззаф сохтаанд, то барои илмомӯзии наврасон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Дар идома роҳбари гуруҳи ҷавонони авангард ба сухан баромада, доир ба саҳми ҷавонон дар пешбурди сиёсати роҳбари давлат сухан карда афзуд, ки дар ҳақиқат, татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Дар қисмати дигари мулоқоти мазкур миёни ширкаткунандагону маърӯзачиён саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои муфид сурат гирифт.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ