image

Бартараф намудани 9791 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал

date_range15.02.2023, 15:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye219

Давоми соли 2022 корҳои назоратӣ дар миқёси кишвар идома ёфта, аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳал 12717 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 11140 дастур дода шудааст, иттило дода шуд зимни нишасти хабарии ин ниҳод ба намояндагони воситаҳои ахбори омма.

Ба иттилои Хоҷазода Ориф Ашурӣ -раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 масъулини кумитаи ва мақомоти он дар маҳал барои додани баҳои ҳуқуқӣ 868 мавод ба прокуратура, 1000 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол намудаанд ва 9791 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро дар маҳал бартараф кардаанд. Давоми соли 2022 бевосита аз ҷониби мутахассисони Кумитаи давлатӣ 400 парвандаи маъмурӣ баррасӣ гардида, ба маблағи 376988 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд, ки аз он маблағи 314566 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 99 адад парвандаи заминсозӣ оид ба додани қитъаҳои замин, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, аз кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо барои экспертизаи ҳуҷҷатҳо ва мувофиқакунӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ворид гардид. Аз он 38 адад парванда дар мувофиқакунӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дошта, 45 адад парвандаи заминсозӣ барои ҷой доштани камбудию норасоиҳо аз экспертизаи техникӣ бозпас гардонида шуданд. 6 парванда ва лоиҳаи қарор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” корҳои шартномавиро ба маблағи 113 млн 36 ҳазор сомонӣ иҷро кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021 маблағи 22 млн 781 ҳазор 9 сомонӣ зиёд буда, 125%-ро ташкил медиҳад. Аз ҷониби корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ дар давоми соли 2022 ҳамагӣ ба маблағи 12 млн 340 ҳазор сомонӣ корҳои заминсозӣ, топографӣ-геодезӣ ва харита-созӣ аз ҳисоби буҷет иҷро гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 маблағи 739 ҳазору 213 сомонӣ зиёд буда, нисбат ба соли 2021 фоизи иҷрои он 106%-ро ташкил дод.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"