image

Дар соли 2022 дар Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимии Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон 1 500 нафар беморон табобат ёфтанд

date_range16.02.2023, 10:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye460

Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон дар 5 факултет аз рӯи 5 самт: психологияи тиббӣ, кори иҷтимоӣ, кори табобатӣ, фармасевтӣ ва стоматологӣ мутахассисони соҳаи тиб ва иҷтимоиро омода менамояд. Ҷиҳати пешбурди раванди таълиму тарбия дар сохтори донишкада 20 кафедра, аз ҷумла 8 кафедраҳои тахассусӣ фаъолият дорад. Дар назди донишкада клиникаи назди донишкадавӣ (Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ) ташкил карда шудааст, ки он 21-уми сентябри соли 2022 ба фаъолият шурӯъ намуда, дар баробари корҳои табобатии беморон, ҳамзамон донишҷӯён дарсҳои амалӣ ва клинкии худро тибқи талаботи нақша ва барномаҳои таълимӣ мегузаронанд. Ҳамзамон барои гузаронидани дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён, донишкада бо 36 муассисаҳои тиббӣ-профилактикии шаҳри Душанбе шартномаи ҳамкорӣ дорад.

Зимни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки дар самти таъминоти кадрӣ, ки теъдоди умумии омӯзгорони донишкада 170 нафар буда, аз ин 105 нафар омӯзгорони асосӣ ва 65 нафар омӯзгорони ҳамкор мебошанд. Дар умум донишҷӯёни донишкада, дар соли таҳсили 2021-2022 1827 нафар буда, аз ин теъдод 773 нафар донишҷӯдухтарон ва 1054 нафарро донишҷуписарон ташкил медиҳад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2 нафар, аз Ҷумҳурии Ҳиндустон 8 нафар, аз Ҷумҳурии Бангладеш 1 нафар, ва аз Ҷумҳурии Нигерия 2 нафар донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар самти корҳои илмӣ-тадиқиқотӣ дар дар давраи ҳисоботӣ бояд қайд намуд, ки дар шуъбаи доктори фалсафа, доктор аз рӯйи ихтисос, аспирантура ва унвонҷӯён 28 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки онҳо аз рӯйи мавзуҳои илмии худ фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ бурда истодаанд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"