image

Мулоқот бо донишӯёни «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва «Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон»

date_range16.02.2023, 12:10 chat_bubble_outline0 remove_red_eye195

Дар толори Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқот бо донишҷуёни ин муассисаи олии таълимӣ доир гашт, ки дар кори он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, коммисари ҳарбии ноҳия, масуълини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва роҳбарияту донишҷӯёи донишгоҳ иштирок намуданд. 

Масъулин зимни суханронии худ иброз доштанд, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат торафт зебову шукуфон гашта, ба сокинонаш шароити хуби кору фаъолият ва зиндагонии осоишта фароҳам оварда шуд. Ҷавононро месазад дар партави сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти созандаро пеша намуда, ба ҳар гуна фиребу найранг ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ рӯй наоваранд. Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои Ватану сарзаминамон хизмат намоянд.

Иштирокчиён оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат сухан карда, қайд намуданд, ки дар 27 соли охир ҷиҳати таъмини зиндагии арзандаи сокинон ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба мақсадҳо қарорҳои дахлдор қабул намуда, дар ин самт қадамҳои устувор гузошт. Аз ҷумла бо ин мақсад Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ дар баробари расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намуданд».

Чунин вохӯрии судманд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, сиёсатшиносон ва дигар масъулин бо иштироки устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варизиши ноҳияи Шоҳмансур доир гашт.

Зимни ҷамъомад аз ҷавонон даъват гардад, ки дар якҷоягӣ мо метавонем нисбат ба тамоми мушкилот муқовимат нишон дода, арзишҳои миллии худро ҳифз намоем. Ташаккули ҳувияти миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Зеро дар оғози Истиқлоли давлатӣ, ҳарчанд Ҳукумат заминаҳои бедории сиёсию иҷтимоии ҷавононро фароҳам оварда буд, аммо набудани нерӯи созмондиҳандаи миллӣ, ки метавонист орзуву ормони гурӯҳҳои гуногуни ҷомеаро ба як ниёзи миллӣ мубаддал кунад, кишварро ба вартаи задухӯрдҳои дохилӣ кашид. Аммо хиради азалии халқи тамаддунофари тоҷик имкон дод, ки таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин буҳрони сиёсӣ раҳоӣ ёбем ва сулҳу суботро ҳамчун воситаи таҳкими ваҳдати комил интихоб карда, ба рушди минбаъдаи кишварамон роҳи васеъро боз намоем.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"