image

Ташкили тадбирҳои маърифатӣ ба муносибати 30 солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range16.02.2023, 12:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye209

Бо мақсади ошноӣ аз ҳаёти сарбозону афсарон ва буду боши онҳо дар қисмҳои низомии пойтахт роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ба аёдати сарбзону афсарони қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия ташриф оварда бо онҳо аз наздик суҳбат намуданд.

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои беҳдоштии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва як гурӯҳ модарон ба аёдати сарбозону афсарони қисми ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар рафти аёдат роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бо сарбозону афсарон мулоқот намуда, таъкид доштанд, ки имрӯз вақти он аст, ки мо фарзандони ин миллати тамаддунофар бояд баҳри ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азизамон, ҳимояи нангу номуси домони поки модар ва хоҳари худ, вазифаи виҷдонӣ ва қарзи шаҳрвандии худро дар назди давлату миллат анҷом диҳем. Дар ин замина, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба сарбозону афсарон маводҳои ғизоӣ тақдим карда шуд.

Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихору сарбаландист.

Маврид ба зикр аст, ки адои хизмати Модар-Ватан қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмард буда, бо истифода аз имконоти мусоиди фароҳамовардашуда ин масъулиятро бояд иҷро кард.

Дар ҷараёни баргузории чорабинӣ саҳми масъулини бахши кор бо занон ва оила ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Синои шаҳри Душанбе назаррас буд. Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат зодаи даврони истиқлоли мамлакат буда, ҳамасола бо андешидани тадбирҳои саривақтӣ шарту шароит дар қисмҳои низомӣ ба талаботи давру замон мутобиқ карда мешавад.

Дар ҷараёни боздид бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино бо ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна фаъолияти сарбозону афсарони қисми ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми адои хизмат мавриди боздид қарор гирифт.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"