image

Баргузории семинари омӯзишӣ-иттилоотӣ зери унвони «Таҳсилот барои ҳама»

date_range16.02.2023, 12:55 chat_bubble_outline0 remove_red_eye209

Бо мақсади ҷалби духтарон ба таҳсил ва касбомӯзӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстиву хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, бегонапарастӣ, эҳтироми каслонсолон ва баланд бардоштану мақому манзалати зан дар ҷомеа масъулини Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ш.Душанбе дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳр ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ш.Душанбе бо хонандагон дар МТМУ №101 вохӯрӣ ташкил намуданд. Ин ҳамоиш зери унвони «Таҳсилот барои ҳама» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони сохтору мақомоти марбутаи шаҳрӣ ширкат намуданд. Зимни баромади муовини Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ш.Душанбе қайд гардид, ки дар тарбияи насли наврас ҳамкории мактаб бо оила бағоят зарур аст. Маҳз мактаб метавонад барои чунин ҳамкорӣ заминаи устувор гузорад, вале оила ва мактаб дар алоҳидагӣ ҳамаи он омилҳое, ки ба ташаккули шахсияти насли наврас таъсир мерасонад, иҷро карда наметавонад. Барои иҷрои раванди пурраи тарбия, пайваста амал кардани ин се соҳаи ба ҳам алоқаманд: оила, мактаб ва ҷомеа зарур аст. Зимнан нақши ташаббускории ба ҳам алоқамандшавии ин равандро асосан мактаб иҷро мекунад. 

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"