image

АВВАЛИН МАГИСТРАНТОНИ МАГИСТРАТУРАИ “МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН” СОҲИБИ ДИПЛОМ ГАРДИДАНД

date_range17.02.2023, 13:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye264

Дар маросими хатми аввалин магистрантони магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ва магистратураи хизматчиёни давлатии таҳсилоти шабона, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ доир гардид, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода, роҳбарияти Агентии хизмати давлат назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ташкилоту созмонҳои гуногун ва роҳбарияту кормандони Академияи идоракунии давлатӣ иштирок намуданд.

Бо муроҷиат ба хатмкунандагон гуфта шуд, ки шумо хушбахтарин нафароне мебошед, ки аввалин шуда “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-ро омӯхтед ва роҳи худро дар оянда мунаввар сохта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат саҳми бориз хоҳед гузошт.

Ҳамчунин иброз гардид, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва пурқувват намудани иқтидори ҳайати кадрӣ хизматчиёни давлатӣ ва таҳқиқу омӯзиши Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон Академияи идоракунии давлатӣ дар асоси розигӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-ро таъсис додааст. Ҳадаф аз ташкили магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” омӯзиши мактаби идоракунию давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳамзамон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз соли 2009 то инҷониб ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангиро дар самти баланд бардоштани самаранокии вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва такмили ихтисоси касбии хизматчиёни давлатӣ ҳамкории пурсамар ва натиҷабахшро ба роҳ мондааст.

Пас аз хатми зинаи магистратураи мазкур хизматчиёни давлатӣ бо донишу малакаи нав ва кордониву зиракии сиёсӣ ба ҷойи кори худ дар мақомоти гуногун баргашта, ҷиҳати пешбурду татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат ва Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таъмини рушди соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа ва амалишавии ҳадафҳои стратегии пешгирифтаи Ҳукумати кишвар кору фаъолияти худро бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ, ташаббускориву созандагӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва бо неруи нави илмиву амалӣ идома медиҳанд.

Ҳамин тавр дар вазъияти тантанавӣ дипломҳои зинаи магистратура супорида шуд. Баҳри таъмини баробарии гендерӣ ва дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати кишвар дар самти иштироки занон дар хизмати давлатӣ соли 2023 дар зинаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” 44 нафар магистрант, ки аз инҳо 23 нафарашон зан мебошанд, инчунин дар зинаи магистратураи хизматчиёни давлатии Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз шумораи умумии 50 нафар магистрант, 12 нафари онҳоро занону бонувони ташаббускор ташкил медиҳанд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"