Ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Забони модарӣ-сарчашмаи худшиносӣ ва маънавиёти миллӣ"
Ҳамасола 21 феврал дар тамоми дунё Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин сана бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Забон модарӣ-сарчашмаи худшиносӣ ва маънавиёти миллӣ" ҳамоиши илмӣ амалӣ баргузор гардид.
Забони давлатӣ имрӯз дар марҳилаи рушд қарор дорад ва ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки нафосати забони модариро риоя карда, онро аз олудашавӣ ҳифз намояд. Қоида ва имлои забони тоҷикиро на танҳо омӯзгорону аҳли илм, балки ҳар як шаҳрванд бояд риоя кунад ва дар қатори дигар арзишҳои умумимиллӣ ҳамаҷониба ҳифз намояд. Ин матлаб зимни суханронии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар ҷамъомаде, ки бахшида ба рузи байналмилалии забони модарӣ дар ин даргоҳи илм баргузор шуд, баён гардид. Зикр шуд, ки ҳамасола кумита дар ин рӯз бо иштироки намояндагони ақаллиятҳои гуногуни миллӣ ва забонии муқими Тоҷикистон дар арафаи ин ҷашн мулоқот баргузор менамояд ва ҳадаф аз баргузории ин нишастҳо низ тақвияти робитаҳо дар ҳифз, густариш ва гиромидошти забони модарӣ мебошад.
Забони модарии мо по ба пои истиқлоли Ватан ба давраи сифатан нави рушду густариш дохил шуда истодааст. Ин ҳолатморо ба андешиданииқдомотинав дар ҷодаи рушди минбаъда ваҳамоҳангсозии инкишофи забони модарӣ бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ водор месозад. Мо бояд дар чунин шароит саъю кӯшиш намоем, то рисолати забони модарии худро ҳифз намуда, ҷараёни таблиғу густаришу инкишофи онро таъмин намоем иброз гардид дар ҳамоиш.
Дар кори ҳамоиш аз ҷониби олимону забоншиносон ва устодони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар беш аз 30 маърӯзаи илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамаи он тавсияву пешниҳодҳое, ки аз мушкилоту ҳалли масоили марбут ба забони модарӣ дар ҳамоиш мавриди муҳокима қарор гирифтанд кумита тасмим гирифт, ки баҳри амалишавии масъалаҳои ҳалталаб назорати ҷиддиро ба роҳ монад.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ