image

Мулоқоти масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо донишҷӯён доир ба Рӯзи Артиши миллӣ

date_range17.02.2023, 15:27 chat_bubble_outline0 remove_red_eye239

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ дар доираи иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулин мулоқоти навбатии хешро бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир намуданд.

Дар вохӯрии мазкур, ки дар доираи иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, масъулини Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ ва устодони ин боргоҳи илму маърифат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ҷамъомади мазкур масъулини донишгоҳ баромад намуда, аз таърихи таъсисёбӣ ва фаъолияти пуршарафу муқаддаси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ёдовар шудаанд. Зимнан аз талошҳо ва заҳматҳои бесобиқаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ташкил ва ба сатҳи зарурӣ баровардани ҷузъу томҳои он ибрози андеша намуданд.

Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ зимни бамарди худ зикр кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қодиранд манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд. Сол аз сол беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегардад.

Дар идома собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ баромад намуда, дар бораи таърих, замина, шароитҳо ва марҳилаҳои асосии инкишофу такоммули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин доир ба ҳайат, малака, сатҳи омодабошӣ ва дурнамои инкишофи он маърӯза карданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"