image

Мулоқоти кормандони ВКД бо сокинон ва хонандагон

date_range18.02.2023, 11:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye210

Дар вохӯрии навбатӣ, ки дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, расиони шаҳраку маҳаллаҳо ва фаъолони ноҳия доир гардид, масуълини Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонон ва ноболиғони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Гурӯҳи ҷавонони Авангард, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Исмоили Сомонӣ ва ҳамзамон намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия ширкат намуданд.

Зимни суханронии хеш хозирин таъкид намуданд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба масъалаи тарбияи Ватандӯстӣ ва ба илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани ҷавонон таъкидҳои махсус намуда, масъулини сохторҳои давлатиро муваззаф сохтаанд, то барои илмомӯзии наврасон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Дар идома дигар иштирокдорон қайд намуданд, ки тарбияи насли наврас аз оила оғоз гардида, дар муассисаҳои таълими рушду такомул меёбад. Ноқисиҳо дар тарбияи кӯдакону наврасон пеш аз ҳама аз оғӯши оила ибтидо мегиранд.

Дар қисмати дигари мулоқоти мазкур миёни ширкаткунандагону маърӯзачиён саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои муфид сурат гирифт.

Валиҷон Шарифзода

"ТВ Душанбе"