image

Баргузории мизи мудаввар таҳти унвони “Ҷонро сипар баҳри ҳифзи Ватан мекунем” бо иштироки ҷавонони синни даъватӣ

date_range18.02.2023, 15:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye164

Дар доираи таҷлил аз 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҷавонони синни даъватӣ рӯзи дарҳои боз ва мизи мудаввар таҳти унвони “Ҷонро сипар баҳри ҳифзи Ватан мекунем” баргузор гардид.

Дар ҷараёни саёҳати худ нахуст ҷавонон бо толори варзишии донишкада шинос гашта, аз ҷараёни машқу тамрини сарбозон ошно гаштанд.

Ҳамзамон ҷавонон аз китобхона, ҷой ва шароити хоби курсантон, дарс дар синфхонаҳо ошнои пайдо карда бо сарбозон суҳбату мулоқоти судманд анҷом доданд.

Қандил Мардонов

"ТВ Душанбе"