image

Таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

date_range20.02.2023, 11:18 chat_bubble_outline0 remove_red_eye252

Ҳамасола дар саросари дунё 21-уми феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ бахшида ба рӯзи байналмилалии забони модарӣ ва сазовор таҷлил намудани 30-умин солгарди таъсисёбии Қуваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори фарҳангии Донишгоҳ ҳамоиш баргузор намуданд. Чорабинӣ таҳти унвони «Қудрати забони модарӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» ташкил гардид.

Забон сарчашма, калиди ҳамаи маънавиёт ва сарвати маънавии инсон ба шумор меравад, ки он барои камолот ва ташаккули инсонҳо дар рӯҳияи инсонпарварӣ хидмат мекунад. Эҳтиром ба забони модарии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, байни онҳо решаи дӯстӣ ба вуҷуд меорад», ин нуқта зимни суханронии роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва сохибкории Тоҷикистон зикр гардид. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамасола Рӯзи байналмилалии забони модариро дар муассисаҳои илмӣ ва олии мамлакат бо баргузор намудани машваратҳо, мизҳои мудаввар ва дигар ҳамоишҳо таҷлил мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии доиргардида, намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд. Иштирокдорон қайд намуданд, ки Рӯзи байналмилалии забони модарӣ бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, эълон гардидааст.

Дар идома забоншиносон ва олимони соҳа афзуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ, ҷиҳати инкишофи забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар бораи забон қабул шудаанд, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳоро дар ҷумҳурӣ таъмин менамоянд. Маврид ба зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои хеш масъалаи поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми онро дар ҷомеа ба миён мегузоранд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"