image

Дар боғчаи №117 барои кӯдакон фаъолияти мусаввирӣ ва усулҳои омӯзонидани он дар гурӯҳҳои синну солӣ доир гардид

date_range20.02.2023, 11:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye247

Дар Муассисаи давлатии таълимии томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №117 барои кӯдакони муассиса фаъолияти мусаввирӣ ва усулҳои омӯзонидани он дар гурӯҳҳои синну солӣ доир гардид.

Раванди ташкилу роҳбарӣ ба фаъолияти мусаввирии кӯдакон, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, инкишоф додани шавқу рағбат ва лаёқати эҷодкорӣ, аз насл ба насл додани арзишҳои маънавию эстетикӣ, таҷрибаи амалии чод намудани зебоӣ, ташаккулёбии тасаввурот ва фаҳмишҳоро оид ба идрок намудан ва чод карданро дар бар мегирад. Яке аз вазифаҳои кӯдакистон аз он иборат аст, ки абъу завқи бадеии кӯдаконро парвариш намуда, қобилиятҳои тасвирии онҳоро инкишоф медиҳад.

Чи тавре роҳбарияти муассиса қайд намуданд, «Кӯдак на ин фақат дарк намояд, балки амал ҳам кунад, на ин ки тақлид кунад, балки эҷод ҳам кунад». Қобилиятҳои тасвирӣ бо ҳамроҳии кӯдак тавлид намеёбанд, балки дар раванди омӯзиши фаъолиятҳои мусаввирӣ инкишоф меёбанд.

Фаъолиятҳои мусаввирӣ расмкашӣ, гулмонӣ ва суробсозӣ, ки дарки образноки ҳақиқати гирду атроф мебошад. Ин фаъолиятҳо аз ҳама фаъолиятҳои шавқовар дар кӯдакистонҳо ба шумор рафта, ба инъикоси ҳақиқии олам вобаста аст. Маҳз анна ҳамин инъикоси ҳақиқати гирду атроф, чун фаъолияти омӯзиши тарбияи фикриро инкишоф медиҳад.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"