image

Аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳияи Шоҳмансур

date_range20.02.2023, 15:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye336

Ба ифтихори таҷлили ҷашни 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат рафта, кӯмакҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансурро расониданд.

Саид Раҷабов ягона иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Шоҳмансур мебошад. Ӯро дар ин рӯз ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ муовинони Раиси шаҳри Душанбе табрик намуданд. Ӯ 96 сол дорад ва бо гузашти солҳо баъзе ҳодисаву хотироти он даврарро фаромӯш кардааст.

Дар ин рӯз дар баробари аёдат ба иштирокчиёни ҷангу меҳнат маводи хӯрока, аз қабили орду равған, шакару картошка масъулин кӯмак намуданд. Чолӣ Табаров дар ин баробар ба меҳмонон қаҳва пешниҳод кард ва солҳои ҷангро ба ёд овард.

Собиқадорони ҷангу меҳнат ҳеҷ гоҳ фаромуш намешаванд ва дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлкат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳо ҳамеша дастгирӣ меёбанд. Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе айни замон 8 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат зиндагӣ мекунанд.

Валиҷон Шарифзода
ТВ "Душанбе"