image

Ҷамъомади танатнавӣ ба муносибати таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони МИҲД-и н.Сино

date_range21.02.2023, 10:24 chat_bubble_outline0 remove_red_eye221

Бо максади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ҷамъомади тантанавӣ доир карда шуд.

Дар ҷараёни ин ҷамъомад роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, сарбозону афсарон ва дигар фаъолон иштирок намуданд. Дар ҷамъомади танатнавӣ ба муносибати таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, кормандони соҳаи маориф ва сарбозону афсарони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия ширкат намуданд.

Роҳбарияти ноҳияи Сино зимни баромади хеш изҳор доштанд, ки Артиши миллии кишвар бисёр ҷавон бошад ҳам, лекин дар ин муддати кӯтоҳ он имрӯз ба як нерӯи бузурги ҷангӣ табдил ёфта, қодир аст, ки дастоварду манфиатҳои давлати тозаистиқлол, сохти конститутсионӣ ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намояд. Роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали бунёди Артиши миллӣ, новобаста аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафҳои Артиш бо афсарони касбиву мутахассисони варзидаи низомӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.

Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ ба намояндагони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳияи Сино дар вазъияти идона сипоснома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби таълимгирандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Сино баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи рангини консертӣ пешкаш карда шуд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"