image

Чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар қисми ҳарбии 0121

date_range21.02.2023, 11:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye260

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар қисми ҳарбии 01 21-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатиии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ доир гардид.

Ҳозирин зимни дидорбинӣ ба сарбозон ҳамчун туҳфаи идона маводи ғизоӣ тақдим намуданд, ки ин он ҳамчун анъана ҳамасола дар ин қисмҳои низомӣ аз ҷониби сохторҳои гуногун роҳандозӣ карда мешавад.

Сипас, хонандагон ва волидон дар рафти дидор аз шароити буду бош, синфхонаҳои таълимӣ, ошхона, осорхона ва хобгоҳои сарбозон боздид намуданд. Дар ин рӯз афсарони ин қисми низомӣ ба хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе тарзи ба қисмҳо ҷудо намудани яроқу аслиҳаро, ки дар ҳолатҳои ҷанги истифода бурда мешаванд нишон доданд.

Баъд аз тамошои буду боши сарбозон, дар саҳни ин қисми ҳарбӣ чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта доир гардид. Зимни ҷамъомад ҳозирин низ дар навбати худ таъкид доштанд, ки ташкили ин гуна чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ва аёдати пайвастаи онҳо боис ба дилгармии бештарашон дар ҳифзи марзу буми Ватан мешавад.

Дар чорабинии фарҳангӣ масъулин ба як қатор афсарону сарбозон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки мақсад аз доир намудани ингуна вохӯриву мулоқотҳоро ҳозирин дар сатҳи баланд баргузор намудани даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бедор намудани ҳисси ватандустию худшиносии ҷавонон ва ба ин васила тарғибу ташвиқи даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусалаҳ мебошад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"