image

Шинонидани ниҳолони ороишиву сояафкан дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

date_range21.02.2023, 12:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye210

Маъракаи ободонӣ бо мақсади шинонидани ниҳолони ороишӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ имрӯз тақвият ёфт. Бо ширкати намояндагони сохторҳои комунналии ноҳия ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳо имрӯз ҳашари ниҳолшинонӣ ташкил шуд.

Шинонидани ниҳолони ороишиву сояафкан ва ҳамешасабз барои ободу зебо ва сарсабзу харрам гардидани ин қисмати шаҳр заминаи муосид фароҳам менамояд. Бо инобати ин масъулини ноҳияи Фирдавсӣ тасими гирифтаанд, ки барои нигоҳубини минбаъдаи ин мавзеъ низ саҳм гузоранд. Шинонидани ниҳолони ороишиву сояафкан ва ҳамешасабз барои ободу зебо ва сарсабзу харрам гардидани ин қисмати шаҳр заминаи мусоид фароҳам менамояд.

Корҳои ободонӣ, хоса ниҳолшинонӣ бо мусоидати сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ ҳам ташкил шуд. Дар ин рӯз бештар ниҳолони нодир шинонида шуд ва ба хусусиятҳои тобоварии он ба иқлими кишвари мо таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"