image

Баргузории чорабиниҳои тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range22.02.2023, 11:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye192

Дар доираи баргузории чорабиниҳои тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати шиносоӣ аз шарту шароит ва будубоши сарбозону афсарон аз қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Дар доираи чорабиниҳои мазкур иштирокчиёну меҳмонон аз шароити буду боши сарбозон, хонаи волидон, хонаи хизматрасонии иҷтимоӣ, хонаи сарбозон, китобхона, толори варзишӣ, ва ошхонаи сарбозон боздид намуда, бо як рӯзи ҳаёти сарбозон шинос гардиданд.

Сипас бо баргузории ҳамоиши идона иштирокчиён ҳамаи сарбозону афсарони шуҷои ватанро ба муносибати 30-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қуавваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз доштанд, ки бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор ҳадафи ҳар як мамлакат буда, дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагию ободонӣ имконпазир мешавад. Ҳамчунин иштирокчиён аз дастовардҳои ин соҳаи муҳими кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ сухан гуфта, ҳозиринро ба хизмати содиқонаву софдилона ва ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доштан даъват карданд.

Таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти миллӣ, таҳкиму тақвияти иқтидору неруи мудофиавии мамлакат дар доираи барномаҳои созандаи худ саъю талош намуда, ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон, ҷалби боз ҳам бештари онҳо ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонию варзиш ва тақвият бахшидани тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ҳамзамон дар доираи ин ҷамъомад як қатор сарбозону афсарон ва ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ бо ифтихорномаю сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар идома ба афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ дастархони идона ва барномаи рангини фарҳангӣ ташкил карда шуд.

"ТВ Душанбе"