image

Арҷгузорӣ ба хизмати афсарони кафедраи ҳарбӣ дар ДМТ

date_range22.02.2023, 13:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye224

Чорабинии маърифатию тантанавӣ ба муносибати Рӯзи артиши миллӣ бо парафшонии парчами давлатӣ ва хондани суруди миллӣ дар ДМТ оғоз гардид. Зимни баромади худ ректори Донишгоҳ доир ба саҳми қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкиму пойдории сулҳу субот ва оромии сартосарии мамлакат андешаҳояшро баён намуд.

Тавре дар ин ҷамъомад зикр шуд, бо таваҷҷӯҳи доимии роҳбарияти олии мамлкат ба фаъолияти Кувваҳои мусаллаҳ ҳоло шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ ва воҳидҳои сохтории мақомоти ҳивзи ҳуқуқу тартибот бамаротиб беҳтар гардида, биноҳои наву замонавӣ бунёд шудаанд, ки бо истифода аз онҳо ҷавонони кишвар барои ҳимояи марзу бум ва таъмини суботу амният адои хизмат намуда истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки саҳми ДМТ дар бахши омодасозии кадрҳо соҳа низ назаррас аст. Зеро донишгоҳ дорои кафедраи ҳарбӣ буда, ҳамасола мутахассисони соҳаро омода ва барои кору фаъоляит ба сафи қувваҳои мусалаҳи мамлакат равон менамояд.

Дар идома аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба устодони донишгоҳ медалу ифтихорномаҳои ҷашнӣ супоида шуд. Ин тадбир барои ҳавасмандии бештари афсарони кафедра дар самти омодасозии мутахассисон замина мегузорад.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"