image

Ҷамъомади тантанавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ

date_range23.02.2023, 12:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye282

Дар Майдони сафороии Кафедраи тиббӣ - ҳарбии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат, хизматчиёни ҳарбӣ, роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва доираи васеи донишҷӯёни ин муассисаи таҳсилоти оллии мамлакат бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қуваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабиниро роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ифтитоҳ ва иштиркчиёниро ба муносибати 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз лаҳзаҳои ҳассосу норасоиҳои моддию техникии Артиши навтаъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ниҳоят шадиди муқовиматҳои ҳарбӣ дар даврони солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ёдовар шуданд.

Таъкид гардид, ки Артиши миллӣ пас аз соҳибистиқолии давлати ҷавонамон дар вазъияти ниҳоят мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ таъсис ёфта бошад ҳам, вале дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтию зарурӣ аз ҷониби роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷузъу томҳои он дар муддати начандон тӯлонӣ барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ омода гардиданд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Қуваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз ҷониби роҳбарият чанд нафар корманди Кафедраи тиббӣ - ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва 3 донишҷӯ, ки дар мусобиқаи ҳарббӣ-варзишии тирпарронӣ миёни донишҷӯёни кафедраи ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷоиҳои ифтихориро ишғол намуда буданд, бо Сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар идома аз ҷониби донишҷӯён машқҳои тактикӣ-низомӣ намоиш дода шуда, барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди иштирокчиёни чорабинии тантанавии бахшида ба 30-Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардонида шуд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"