image

Хони идона дар тарабхонаи оилавӣ барои кӯдакон

date_range24.02.2023, 10:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye333

Рӯзи 23-юми феврал дар шаҳри Душанбе “Тарабхонаи оилавӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Зимни кушодашавии ин тарабхона муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони сохторҳои гуногуни МИҲД шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Ҳамчунин ба муносибати кушодашавии тарабхонаи мазкур ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони синни томактабии 1 ва хонандагони Мактаб-интернати 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе хони идона ороста шуд.

Зимни баромади худ муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ҳамаи ҳозиринро ба муносибати 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи МИҲД шаҳри Душанбе табрик намуда қайд кард, ки ҳифзу дастгирии табақаҳои ниёзманди мамлакат, хусусан ятимону маъюбон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта бо мақсади амали намудани ин самт мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то имрӯз чораҳои заруриро андешида истодааст.

Дар фарҷом аз ҷониби МИҲД шаҳри Душанбе ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"