image

ШИНОНИДАНИ ДАРАХТОНИ ОРОИШӢ ВА ҲАМЕШАСАБЗ ДАР НОҲИЯИ СИНО

date_range02.03.2026, 16:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye60

Бо мақсади татбиқи амалии ташаббусҳои созандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати табдил додани пойтахт ба шаҳри сабзу шукуфон, санаи 28-уми феврали соли равон дар шафати Боғи Восеъ-и ноҳияи Сино иқдоми навбатии сабзкорӣ баргузор гардид.

Дар доираи ин ташаббус аз ҷониби Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи шинонидани дарахтони сояафкан ва ороишӣ роҳандозӣ шуда, қитъаи муайяни ҳудуд бо ниҳолҳои нав ғанӣ гардонида шуд.

Дар ҷараёни дарахтшинонӣ муовини Раиси ноҳияи Сино Мунир Шарофиддинзода, намояндагони агентии мазкур ва кормандони раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар ободонӣ ва зебоии муҳити шаҳр гузоштанд.

Ин иқдом идомаи мантиқии сиёсати сабзкорӣ дар пойтахт буда, ба беҳтар гардидани вазъи экологӣ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ ва фароҳам овардани муҳити солиму зебо барои сокинон мусоидат менамояд. Ташаббусҳои пайвастаи созанда дар самти кабудизоркунӣ нишон медиҳанд, ки Душанбе бо қадамҳои устувор ба сӯи шаҳри сабзи муосир ҳаракат дорад.