image

"Варзиш гарави саломатист" таҳти чунин унвон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ машқи пагоҳирӯзӣ доир гашт

date_range06.05.2023, 08:58 chat_bubble_outline0 remove_red_eye223

Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар ҳудуди боғҳои истироҳативу фароғатӣ машқҳои пагоҳирӯзӣ доир карда мешавад.

Варзиш, дар баробари ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, инчунин яке аз воситаҳои беҳтарин таҳкими дӯстӣ миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон аст. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, томактабӣ ва донишҷӯёни муассисаҳори таҳсилоти олии дар ҳудуди ноҳия қарордошта, дар Боғи Устод Рӯдакӣ машқи пагоҳирӯзӣ доир карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки варзиш гарави саломатӣ буда, аз тарафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи муҳим ва тарбияи ҷисмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.

Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиёни машқи пагоҳирӯзӣ ҳаракатҳои гуногуни варзиширо иҷро намуданд.

Бояд гуфт, ки варзиш дар баробари солимӣ ва бардамӣ як омили баҳамоӣ дониста мешавад. Боиси хушнудист, ки дар шароити имрӯзаи рушд ва дар доираи татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим инъикос меёбад, рӯ овардан ба варзиш машғулияти асосии мардум, бахусус наврасону ҷавонон гардидааст.

Маврид ба зикр аст, ки варзиш гарави саломатӣ буда, аз тарафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи муҳим ва тарбияи ҷисмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.

Тасмим гирифта шуд, ки минбаъд низ тамоми кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар рӯзи шанбе дар яке аз маконҳои истироҳатӣ-фароғатии пойтахт ба машқи пагоҳирӯзӣ дастаҷамъона машғул мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, мақсади асосии он тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"