image

Натиҷагирии фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе

date_range12.05.2023, 09:11 chat_bubble_outline0 remove_red_eye228

Бо мақсади натиҷагирии фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратии Раёсат доир карда шуд. Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷавонон, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, дастгириву таваҷҷӯҳ ба самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, ҳамоҳангии сохторҳои дахлдор нисбат ба пешгирии падидаҳои номатлуб мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд.

Зимни ҷаласаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қайд гардид, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе сеюмин Фестивалҳои дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам!”, сеюмин Фестивалҳои дӯстии ҷавонон “Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” ва Ҳамоиши шаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат наҷотбахши сайёра ва таъмингари ҳаёти осоишта» бо иштироки ҷавонони хориҷӣ доир гардид. Дар ин замина чорабниҳои марифативу иттилоотӣ, хонишҳои сиёсӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва хонандагони таълимгоҳҳо, баҳри паст намудани таъсири рафторҳои хавфнок ва одатҳои номатлуб, аз қабили пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардӣ, одамрабоӣ, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, одоби шаҳрнишинӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа миёни наврасону доир карда шуданд.

Давоми соли 2023 10 муассисаҳои давлатии мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ бо фарогирии 196 нафар мураббиёни дорои дараҷа ва унвонҳои фахрию варзишии баландихтисос машқу тамринҳоро ба роҳ мондаанд. Дастпарварони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ ва варзишгарони федератсияҳои варзишии шаҳри Душанбе дар як қатор мусобиқаҳои бонуфузи шаҳрию ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, чемпионатҳои Осиёву ҷаҳон, Ҷоми ҷаҳон, Ҷоми Осиё ва Бозиҳои Осиёгӣ ва Бозиҳои олимпӣ ширкат варзида, ғолиб ва ҷоизадор гардидаанд.

Дар ин давра бо мақсади дастгирии наврасону ҷавонон Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои олимону муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ ва Стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёну унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе таъсис дода шуданд, ки намунаи олии дастгириҳои дар соли 2023 маҳсуб меёбанд.

Ҳамзамон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таъкид гардид, ки ҳамоҳангии муштарак ба роҳ монда шавад.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"