image

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила озмуни фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Оила-макони муҳаббат аст” доир шуд

date_range12.05.2023, 09:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye283

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15-уми май дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилотии олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди шаҳри Душанбе озмуни фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Оила-макони муҳаббат аст” баргузор гардид.

Дар оғози Озмун ҳозирин иброз доштанд, ки оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбия мегирад, донишу малакаи рӯзгордорӣ аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомӯзад, ҳамчунин фарзандон ҳамарӯза аз ин дабистон таълим мегиранд. Дар ҷомеаи мо оила ҳамчун асоси ҷомеа маҳсуб ёфта, аз тарафи давлат ҳимоя ва дастгирӣ меёбад.

Боиси қайд аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 Соли оила эълон гардид, ки мақсад аз он мустаҳкам намудани робитаи ҷомеа бо оила буд.

Сипас дар қисмати фарҳангии озмун донишҷӯдухтарон, ки аз панҷ муассисаи таълимии шаҳри Душанбе буданд миёна ҳам рақобат карданд.

Бояд гуфт, ки дар озмун иштирокдорон аз рӯи панҷ шарт аз қабили Саломнома, саҳнача, дуруст ва дар муддати кӯтоҳ бастани гарданбанд, печонидани кӯдаки навзод ва муайян намудани гиёҳҳои шифобахш маҳорати хешро нишон доданд.

Дар фарҷом ғолибон аз ҷониби хайати ҳакамон муайян гардида, бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино қадрдонӣ шуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"