Конференсияи илмӣ-назариявӣ зери унвони «Таҳкими масъалаҳои оиладорӣ дар замони муосир»
Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон» дар ш.Душанбе, дар доираи таҷлили Рӯзи оила як қатор чорабиниҳои фарҳангиро дар муассисаю корхонаҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди пойтахт бо ҷалби васеи занону ҷавондухтарон баргузор намуда истодааст.
Ин навбат дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ зери унвони «Таҳкими масъалаҳои оиладорӣ дар замони муосир» бо иштироки васеи донишҷуён ва омӯзгорони ҷавон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ коршиносону мутахассисони ботаҷриба ҷалб гардида, оид ба нақши оила дар замони ҷаҳонишавӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо ва мушкилотҳои иҷтимоию психологии оилаи муосир ва ба ин васила тарғиби арзишҳои миллӣ маърузаҳо ироа намуданд.
Ҳамзамон зимни чорабинӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон» дар ш.Душанбе гузаронида шуд, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон ва ҷиддияти тарбияи фарзандон дар муҳити созгору шоиста аз ҷониби ҷавонон низ пешниҳодҳои мушаххас ирсол гардид.
Иштирокчиён дар мавзӯҳои «Оила тарғибгари арзишҳои миллӣ», «Мушкилотҳои иҷтимоию психологии оилаи муосир», «Нақши оила дар замони ҷаҳонишавӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо» баромад намуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ