«Паёми Сино»-и ДДТТ ба «Скопус» («Scopus») - Пойгоҳи ҷаҳонии маълумотии библиографии адабиёти илмии тақризшаванда ворид гардидааст
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз рӯйи 5 ихтисос - «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «Стоматология» ва «Фарматсия» мутахассис омода менамояд. Ҳамчунин, аз рӯйи 40 ихтисос омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар зинаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ - таҳсил дар зинаи интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалия, магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ва докторантура ба роҳ монда шудааст. Зимни баромади роҳбари Донишгоҳ таъкид гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои таълимии Донишгоҳ воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ-139 Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ таъсис дода шуд, ки дастоварди муҳими Донишгоҳ дар ин давра арзёбӣ мегардад.
Дар Донишгоҳ 1936 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 23 давлати дунё, аз ҷумла, дар сатҳи тодипломӣ 1918 нафар, дар сатҳи баъдидипломии илмӣ 6 нафар, дар сатҳи баъдидипломии муолиҷавӣ 12 нафар таҳсил мекунанд. Таҳсил дар Донишгоҳ бо се забон - давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз, Донишгоҳ бо 79 муассисаи таълимию илмии хориҷӣ дар асоси ба имзо расонидани созишнома ва қарордодҳо ҳамкорӣ дорад. Дар ин давра аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ 1 созишномаи иловагии дуҷониба ва 9 созишномаи дуҷониба бо муассисаҳои олии илмиву тиббии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, бо донишгоҳҳои Туркия, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тавсиб расонида шудааст.
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 7 Шӯрои диссертатсионӣ, аз ҷумла, як Шӯро дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия ва 6 Шӯрои дигар дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар ин давра дар шӯроҳои мазкури Донишгоҳ 32 рисола (3 рисолаи докторӣ ва 29 рисолаи номзадӣ) ҳимоя карда шудааст. Ҳамчунин, омӯзгорони Донишгоҳ дар шӯроҳои диссертатсионии берун аз донишгоҳӣ 12 рисолаи илмӣ (1 рисолаи докторӣ ва 11 рисолаи номзадӣ) ҳимоя намудаанд.
Дар Донишгоҳ 2 маҷаллаи илмӣ-амалӣ - «Авҷи Зуҳал» бо забони давлатӣ, ки ба рӯйхати КОА ҶТ ва маҷаллаи илмӣ-амалии «Паёми Сино» бо забони русӣ, ки ба рӯйхати КОА ФР ворид мебошад, нашр мегарданд. Боиси тазаккур аст, ки маҷаллаи илмӣ-амалии «Паёми Сино»-и Донишгоҳ дар минтақа аввалин маҷаллаи илмӣ-амалӣ дар соҳаи тиб мебошад, ки 28-уми июни соли 2023 ба «Скопус» («Scopus») - Пойгоҳи ҷаҳонии маълумотии библиографии адабиёти илмии тақризшаванда ворид гардидааст.
Дар Донишгоҳ ҳайати профессорону омӯзгорон 792 нафар буда, 410 нафарашон занон ташкил медиҳанд. Аз шумори умумии ҳайати профессорону омӯзгорон 352 нафар дорои дараҷаи илмӣ, аз ҷумла, 1 нафар академик, 4 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва илмҳои тиб, 80 нафар докторони илм, профессор, 267 нафар номзадони илм, дотсентон ва 440 нафар муаллимони калон ва ассистентон буда, дараҷанокии илмӣ дар Донишгоҳ 44,4 фоизро ташкил медиҳад.
Дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳ Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма дастовардҳо ва натиҷаи фаъолияти Донишгоҳро дар нимсолаи якуми соли 2023 бо таҳлилҳои амиқ муфассал шарҳ дода, ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти Донишгоҳ ҷавобҳои қаноатбахш пешниҳод намуд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ