image

Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангии ноҳияи Балҷувон баргузор гардид

date_range28.08.2023, 16:47 chat_bubble_outline0 remove_red_eye267

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумиву таомҳои миллии сокинони ноҳияи Балҷувон намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар сокинону фаъолон ва ҳунармандони ноҳияи бостонии Балҷувон ширкат варзиданд.

Иштирокчиён аз намоиши ҳунарҳои марудмӣ ва таомҳои миллии ҳунармандони ноҳияи Балҷувон, ки дар саҳни Боғи кӯдакон ва даромадгоҳи Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе идона ороста шуда буд, боздид намуданд.

Масъулин изҳор доштанд, ки ҳадаф аз баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе шиносоӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддун ва анъанаву таомҳои миллии тоҷикон ва сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар ба сокинони пойтахт мебошад.

Дар ҷараёни намоиши ҳунарҳои марудмӣ ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Балҷувон ҳунарҳои пухтани маҳсулоти нонӣ, омодакунии таомҳои миллӣ, қолинбофӣ, пиликбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, попурзанӣ, кандакорӣ, табақтарошӣ ва дигар намуди ҳунарҳои дастии худро муаррифӣ менамоянд.

Дар идома дар толори Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе аз ҷониби санъаткорону ҳунармнадони ноҳияи Балҷувон барномаи фарҳангиву адабӣ доир гашт. Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода суханронӣ намуда, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии ноҳияи Балҷувон дар пойтахти кишвар миннатдории роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳри Душанберо расонид.

Сипас ҳунармандон бо иҷрои суруду таронаҳои васфкунандаи Ватан, Модар, Тоҷикистон, Душанбе хотири иштирокчиён ва меҳмонону сайёҳони пойтахти кишварро шоду болида гардониданд.

Валиҷон Шарифзода

"ТВ Душанбе"