image

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ БОНУВОНИ ПОЙТАХТ ТАҲТИ УНВОНИ "ҶОВИДОНУ ПОЯНДА БОД, ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИК"

date_range04.09.2023, 18:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye229
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 32 юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши бонувони пойтахтро таҳти унвони “Ҷовидону поянда бод, Истиқлоли тоҷик” дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор намуд.
Дар ҳамоиш узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Меликзода Парвина, вакили Маҷлиси Вакилони халқи шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси Вакилони халқи шаҳри Душанбе, муовинони Раисони ноҳияҳои пойтахт, сардорони Раёсат, мудирони шуъбаву бахшҳо, муовинони ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳу донишкадаҳоии олии пойтахт, кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раисони маҳаллаҳо аз ҳисоби занон, раисони шуроҳои кор бо занон ва духтарон иштирок намуданд.
Ҳамоиши аз ду қисмат иборат буда, қисмати аввал баромади расмӣ бахшида ба 32 солагии Истиқлолияти давлатӣ ва қисмати дуюм сарфароз гардонидани ғолибон ва иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” дар шаҳри Душанбе
Ҳамоиши бонувони пойтахт таҳти унвони “Ҷовидону поянда бод, Истиқлоли тоҷик”-ро Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуданд.
Баромадкунандагон дар суханрониҳояшон қайд намуданд, ки, ки Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву хамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.
"Даврони Истиқлолият роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеаи навини Тоҷикистон баланд бардошта шуд.
Воқеан ҳам, баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар умури сиёсату иқтисодиёт, фарҳангу маданият ва илм омили мусбии таҳрикдиҳандаи ҷомеа гашт.
Сарвари давлат ҳамеша дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки «Дар оилае, ки модар дорои маърифати баланд аст, фарзандони нек ба воя мерасонад. Бинобар ин худи модарон бояд соҳибмаърифату бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васеъ бошанд, зеро дар тарбияву парасторӣ, камолоти маънавию ҷисмонӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода кардани фарзандонашон нақшу мақоми он ба хубӣ эҳсос мегардад».
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки мақоми модар ва зан на танҳо дар оила, балки дар пешрафт ва ҳифзи истиқлолияти миллӣ ниҳоят бузург аст.
Истиқлолият дар ҳаёти занони тоҷик таъсири амиқ гузошт. Бонувон ҳамчун фарзандони сарзамин, ободгарони марзу буми аҷдодӣ ба раванди созандагӣ фаъолона ворид гаштанд. Яъне, истиқлолият ба шинохти чеҳраи сиёсии зани тоҷик мусоидат намуд. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ занҳо тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модарӣ, ҳамсарӣ, рисолати роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд. Ин шинохти қудрати фитрии зани тоҷик имконият дод, ки ҷомеа низ онро эътироф намояд. Алҳол раванди рушди демократикунонии ҷомеа тақозо дорад, ки дар идоракунӣ ва масъалаҳои дигар набояд ҷинсият асос барои маҳдудияти фаъолияти шахсият гардад."
Дар фарҷоми ҳамоиш муаррифи ва қадрдонии иштирокчиёни озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» дар шаҳри Душанбе, дар фазои фарҳангиву фароғатӣ доир гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки озмуни мазкур бо маќсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат тибқи банди 9 Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030», 23-24-уми моҳи августи соли 2023, дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.
Баҳри баргузор намудани озмуни мазкур қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 8 августи соли 2023, №438 “Дар бораи баргузор намудани Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” дар шаҳри Душанбе ба тавсиб, расид, ки ин аз дастгириҳову ғамхориҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба занону ҷавондухтарон шаҳодат медиҳад.
Озмун вобаста ба бахшҳо тибқи гуруҳбандии зерин баргузор гардид.
-байни хизматчиёни давлатии собиқаи хизмати давлатии аз 2 то 5 сол ё собиқаи умумии меҳнатии аз 3 то 6 сол дошта;
-байни хизматчиёни давлатии собиқаи хизмати давлатии аз 6 то 8 сол ё собиқаи умумии меҳнатии аз 7 то 9 сол дошта;
-байни хизматчиёни давлатии собиқаи хизмати давлатии зиёда аз 8 сол ё собиқаи умумии меҳнатии зиёда аз 10 сол дошта;
-Инчунин, дар озмун хизматчиёни давлатие, ки на кам аз ду сол собиқаи хизмати давлатӣ доштанд, муҷозоти интизомӣ надоштанд, иштирок намуданд.
Озмун аз руи меъёрҳои навиштани иншо бо забони давлатӣ, навиштани диктант бо забони русӣ, муаррифии лоиҳаи довталаб оид ба беҳтар намудани фаъолияти воҳиди сохторӣ/мақомоти давлатӣ ва бартараф намудани камбудиҳо дар самти муайян, кор бо технологияи иттилоотӣ ва саволу ҷавоб баҳогузорӣ карда шуд.
Ғолибону иштирокчиёни чорабинӣ бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.