image

Дар факултети тиббии ДМТ синфхона ва озмоишгоҳҳои нави таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд

date_range08.09.2023, 10:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye224

Дар арафаи таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети тиббии донишгоҳ барои беҳтар намудани самти таълиму тарбияи донишҷӯёни факултети мазкур синфхона ва озмоишгоҳҳои нави таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки озмоишгоҳҳои нав имконият медиҳанд, донишҷӯён пеш аз гузаронидани амалиётҳои тиббӣ дар беморон донишҳои амалӣ худро дар муляжҳо такмил дода, дар дастгоҳҳои тиббӣ корро омӯзанд.

Зимни ифтитоҳи синфхонаю озмоишгоҳҳои нави таълимӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон ва роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуданд.

Зимни боздид аз синфхонаю озмоишгоҳҳои нави таълимӣ ба садорат ва масъулини факултет дар самти дуруст ба роҳ мондани корҳои таълимию методӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб тавсияҳои судманд дода шуд. Ин синфхона барои малакаҳои клиникӣ аз терапия, педиатрия, ҷарроҳӣ, акушерӣ ва гинекологӣ пешбинӣ шудааст. Дар синфхонаи мазкур аёниятҳо ба монанди муляжҳо, дефибрилятор, таҷҳизоти сабти барқии дил, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, оксигенератор барои додани оксигени намнок, муляж барои гузаронидани чораҳои эҳёӣ, маҳси пушидаи дил ва додани нафаси сунъӣ ба воситаи халтаи амбуҳ, ва маводи акушерӣ мавҷуд ҳаст.

Озмоишгоҳи ташхиси клиникӣ бошад барои баргузории машғулиятҳои амалӣ барои донишҷӯёни ихтисоси кори тиббӣ-ташхисӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, дар озмоишгоҳи имконияти анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мавҷуд аст. Дар озмоишгоҳи мазкур дастгоҳу таҷҳизот зерин мавҷуд аст: Сетрофуга, анализатори биохимиявӣ, гемоанализатор, инкубатор-термостат, автоклаф, дастгоҳи устросадо, микроскопҳои электронӣ мавҷуд аст.

Донишҷӯён метавонад, дар озмоишгоҳо бо роҳбарии омӯзгор ва ё мустақилона амалҳои гуногуни ташхисию табобатиро иҷро намоянд. Озмоишгоҳи морфологӣ низ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он дастгоҳу таҷҳизотҳои гуногун мавҷуд аст. Озмоишгоҳи мазкур барои баргузории машғулиятҳои лабораторӣ аз фанҳои физиологияи нормалӣ, физиология бо асосҳои анатомия пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, ин озмоишгоҳ барои анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ истифода бурда мешавад.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"