image

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ВОЛЕЙБОЛ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range20.09.2023, 15:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye212
ш.Душанбе. 20.09.2023. Дар асоси банди 6 Нақшаи чорабиниҳо ва мусобиқаҳои варзишии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 сентябри соли 2023, №461 ба тавсиб расидааст, имрӯз дар толори Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ”-и шаҳри Душанбе кушодашавии мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни писарон ва духтарон барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод Абдулфаттоҳ, мудири Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Саидзода Саидҷалол Саидумар, директори Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ”-и шаҳри Душанбе Қодиров Зайдулло ва дигар масъулини соҳаи варзиш доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим вобаста ба рушди соҳаи варзиш дар пойтахт, ҷалби наврасону ҷавонон ба намуди варзиши волейбол алалхусус духтарон, инчунин самараноку мақсаднок истифода намудани иншоотҳои варзишии пойтахт суханронӣ намуда, тамоми иштирокчиёни чорабинии имрӯзаро, ки аз манотиқи кишвар ба шаҳри Душанбе барои иштирок дар чорабинии болозикр ташриф оварданд хайрамақдам намуда, ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик намуд.
Дар мусобиқаи мазкур варзигарон аз ҳама манотиқи ҷумҳурӣ ширкат доранд.
Қобили қайд аст, ки мусобиқаи мазкур аз санаи 19 то 23 сентябри соли ҷорӣ идома ёфта дар ин чорабинӣ 24 даста аз ҷумла, 9 дастаи духтарон ва 15 дастаи писарон байни ҳам сабқат менамоянд.