image

«Нақши Президент дар таҳкими давлатдории миллӣ». Зери ин унвон бахши кор бо занони ноҳияи Фирдавсӣ мизи гирд доир намуд

date_range16.11.2023, 14:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye359

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ аз ҷониби бахши кор бо занони ноҳия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Нақши Президент дар таҳкими давлатдории миллӣ» мизи гирд доир карда шуд.

Чорабинии навбатиро, ки бахшида ба Рӯзи Президент аз ҷониби бахши кор бо занони ноҳияи Фирдавсӣ доир гардид, нахуст масъулини ноҳия ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ин ду санаи муҳим таҳният гуфта, иброз дошт, ки ба ҳам тавъам омадани ин ҷашнҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ҳам шахсиятҳои бузург қудрат доранд, ки раванди инкишофи миллатҳо ва ҷомеаҳоро ба куллӣ тағйир диҳанд.

Дар идома таъкид гардид, ки “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд”.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"