Рӯнамоии романи "Тулуъ дар ғуруб"-и Аброр Зоҳир
Аброр Зоҳир аз ҷумлаи адибони муосир тоҷик буд, ки зиёда аз 30 асари бадеӣ ва 15 роману достон навиштааст. Асарҳои у асосан ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти мардуми тоҷикро дар бар мегирад. Ва яке аз романҳои адиб, ки ба тозагӣ рӯнамоӣ шуд ин романи «Тулуъ дар ғуруб» мебошад.
Дар толори Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо иштироки адибону нависандагон, роҳбарияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, роҳбарияти китобхона ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ маросими рӯнамоии романи нави адиб ва рӯзноманигор Аброри Зоҳир зери унвони «Тулуъ дар ғуруб» баргузор шуд.
Дар чорабинӣ инчунин наздикону пайвандони адиб низ иштирок доштанд. Маърузачиён изҳор доштанд, ки романи - «Тулуъ дар ғуруб» фарогири моҷароҳои миллию давлатсозӣ дар солҳои ҳассосу тақдирсози миллатҳои Осиёию Марказӣ буда, нақши Русия дар ташкилёбии давлати абарқудрати Шӯравӣ ва ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо рангу тобишҳои бадеӣ хеле хотирмону ҷаззоб руйи тасвир омадааст.
Китоби "Тулуъ дар ғуруб" бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарзанди нависанда Шаҳбози Аброр нашр шудааст.
Зимни маросими рӯнамоии романи «Тулуъ дар ғуруб» қайд шуд, ки Аброри Зоҳир 15 январи соли 1965 дар деҳаи Ботурободи шаҳри Левакант таваллуд шудааст. Соли 1984 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти кории худро дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қурғонтеппа» оғоз намуда, дар Кумитаи комсомоли вилоят, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» идома додааст. Дар вазифаҳои директори кинотеатр, ёвари раис, сардори раёсати шабакаҳои кино ва кинопрокати Иттиҳодияи ҷумҳуриявии кино ва видеои «Тоҷиккино» фаъолият намудааст. Солҳои 1999-2000 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём», 2000-2004 директори Телевизиони Тоҷикистон, 2004-2005 сармутахассиси шубаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, солхои 2007-2012 директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буда, аз соли 2012 директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои давлатӣ»-ро бар уҳда дошт.
Ҳикояву қиссаву романҳои Аброр Зоҳир аз охири солҳои 80-уми асри гузашта дар нашрияҳои даврӣ, маҷаллаи «Садои Шарқ» ва массисаҳои нашриётии гуногун ба чоп расидаанд. Адиб муаллифи филмномаҳои бадеӣ ва мустанаде мебошад, ки тавассути киностудияи «Тоҷикфилм», ТВ «Сафина» ва Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон бо номҳои «Муҷассамаи ишқ», «Хокпайванд», «Беназир», «Подош», «Гумон», «Моҷарои рӯзи ид», «Моҷарои хурд дар шаҳри калон», «Гирдоб», «Тинат», «Асрори чашмаи заррин», «Оташи ҷанг ва парчами нанг» пешкаши тамошобинон гардидаанд. Аълочии фарҳангу матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ