image

Барномаи консертии «Поси хотир» дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ

date_range08.02.2024, 13:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye366

Дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барномаи шукуҳманди «Поси хотир» баргузор шуд. Ин шом мусиқии хор ба хотираи устодони барҷастаи саҳнаи миллӣ, ки солхои охир моро тарк кардаанд, бахшида шуд буд.

Дар ин барномаи консертӣ таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Елена Тиллоева, солистони опера (Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев ва солисткаи роҳбарикунанда Мария Мирзоева), хори камеравии бачагонаи Мактаби мусиқии санъат ба номи Муҳиддин Аминзода, роҳбари оркестри симфонии театр Герардо Колелла аз Италия, ки дирижёри доимии Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад, иштирок намуданд.

Бори аввал дар Тоҷикистон шоҳасарҳои ҷаҳонии мусиқинавозон Волфганг Амадей Моцарт (асари полифонии «Ave verum corpus»), Бенедетто Марчелло (Адагио аз Консерти ду-минор барои оркестр), бастакорони фаронсавӣ Морис Равел («Паване») ва Габриэл Форе — «Паване», «Кантикули Жан Расин» ва реквиёми машҳури ӯ намоиш дода шуданд. Тавре, ки иттилоъ доданд, ин асари монументалии Форе аз ҳафт кисмат иборат буда, жанри реквиёмро аз нав дида мебарояд, зеро он на танҳо ғаму андуҳи гузаштагон, балки боварӣ ба ҷовидонии руҳ ва эҳтиром ба ҳунару маҳорати оҳангсозони гузаштаро фаро мегирад.

Дар консерт ҳамчунин тавассути экрани калон кору заҳмат ва хизматҳои шоистаи мусиқинавозон ва оҳангсозони гузаштаи тевтр намоиш дода шуданд. Тамошобинон аз ин тариқ тавонистанд, ки бо мусиқинавозони маъруфи кишвар, ки айни замон дар қайди ҳаёт нестанд, шинос шаванд. Ба барномаи зебои консертии ин шом намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иштирок доштанд баҳои баланд доданд. Ба андешаи мутахассисон, ин консерт дар инкишофи санъати саҳнавии оркестр ва хор марҳилаи нави рушдро кушод.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"