Натиҷагирӣ аз фаъолияти 6 моҳаи Муассисаи давлати “Телевизиони Душанбе”
Бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” дар 6 моҳи соли 2026 ҷаласа баргузор шуд. Дар кори ҷаласа муовини якуми Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Зоҳир, директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” Маъруфҷон Оқилзода ва кормандони эҷодиву техникии ин шабакаи телевизионӣ иштирок намуданд. Нахуст доир ба корҳои иҷрошудаи дар 6 моҳаи аввали соли 2026 ҳисоботи сармуҳаррирони идораҳои муассиса шунида шуд. Таъкид гардид, ки дар ин давра аз ҷониби ҳайати эҷодии Идораи барномаҳои иттилоотӣ 465 нашри барномаи иттилоотии “Вақт”, 310 нашри барномаи русии “Время”, 52 нашри ҷамъбастии “7-рӯзи Душанбе”, 52 нашри ҷамъбастии “Неделя в городе” ва 52 нашри барномаи англисии “Dushanbe weekly” омода ва пахш гардидааст.
Давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби Идораи барномаҳои сиёсӣ ва таҳлилӣ 82 барнома, аз ҷумла: “Набзи иқтисод”, “Меҳвари иттилоот”, “Иршод”, “Ҳадаф”, “Пайгирӣ”, “Таҳқиқ”, “Замин баракати зиндагист”, “Занони муваффақ”, “Пирях манбаи оби тоза”, “Душанбе-шаҳри дастовардҳо” ,“Наврӯз-2026”, “Нурсоз”, “Тамаддун ва ҷомеа”, “Нақлиёт ва мусофир”, “Фарҳанг”, “Истиқбол аз Истиқлол”, “Об сарвати бебаҳо”, “Об ва иқлим”, “Кӯдакон ояндаи дурахшон”, “Инсон ва табиат” ҳамчунин филми “Ҷашни Сада” ва видеоролик оид ба ҷашни Сада таҳия ва пешкаши бинандагон карда шудааст.
Иттило дода шуд, ки дар ин давра аз ҷониби Идораи фарҳангӣ ва барномаҳои мусиқӣ 211 барнома, 6 филми мустанад, 2 очерк, 13 ролик ва 8 лавҳа омода ва пешкаши бинандагон гардидааст. Барномаҳои “Ҳунарвар”, ”Роҳи муваффақият”, ”Оинаи зиндагӣ”, “Сайри боғ”, ”Файзи ҳунар”, “Сайр”, ,“Аз рӯзгори ситораҳо”, ”Майдони дониш”,”Ҳамешабаҳор”, ”Шоми дидор”, ”Достони хунёгар”, ”Дурахшон”, ”Эҳёи наврӯзӣ”, ”Наврӯз пайвандгари дирӯз ва имрӯз”, “МИС Душанбе-2026”, “Лаззат”, “Шоҳномахонӣ”, “Рангоранг” ва чанде дигар пешкаши бинандагон карда шуд, ки дар онҳо тамоми рӯйдодҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, бахусус шаҳри Душанбе инъикоси саривақтии худро пайдо карданд.
Зимни натиҷагирии фаъолияти 6 моҳа аз ҷониби роҳбарияти муассиса таъкид шуд, ки бо мақсади шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” бо иштироки кормандони мақомоти Прокуратура се барнома аз силсилаи “Мавзўи рўз” бо коргардонии роҳбарияти муассиса сабт ва пешкаши бинандагон карда шуд. Зикр рафт, ки ҳама чорабиниҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки дар пойтахт баргузор мегарданд, бо истифода аз “Студияи сайёр”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” сабт гардида, ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Аз ҷумла, дар давоми нимолаи якуми соли 2026 бо истифода аз Студияи сайёри калон 9 чорабинӣ ва бо Студияи сайёри хурд 34 чорабинӣ сабт карда шудаанд. Дар ҳамкорӣ бо Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон дар муассиса машғулияти омӯзишӣ бо ҷалби мутахассисон аз кишвари Булғория гузаронида шуд. Дар ин замина 30 нафар кормандони шабакаҳои телевизионӣ аз мутахассисони варзида нозукиҳои равшанидиҳӣ дар телевизион, тарзи дурусти истифодаи дастгоҳҳои равшанидиҳӣ ва кори коргардониро омӯхта, соҳиби сертификат гардиданд. Айни замон рўзи сеюм дар муассиса машғулияти омӯзишӣ барои коргардонҳои тамоми шабакаҳои телевизионӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи ВАО-и Тоҷикистон идома дорад.
Дар идомаи муовини якуми Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастоварду пешравии соҳаи баромад намуда, ҷиҳати бартараф намудани бархе камбудиву норасоӣ дар сатми таҳияи барномаҳои телевизионӣ андешаронӣ кард. Зикр шуд, ки бояд ба риояи ҳатмии ҷадвали пахши барномаҳо, дурӣ ҷустан аз умумигӯӣ ва бо истифода аз шароити фароҳамгардида беҳтар намудани тарзи пешниҳоди барномаҳо бештар таваҷҷуҳ карда шавад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ