image

Рушди хизматрасонии таксӣ бо истифодаи нақлиёти барқӣ. Баррасии ин мавзуъ бо ширкати ронандагон ва масъулини соҳа

date_range23.06.2023, 10:58 chat_bubble_outline0 remove_red_eye272

Давоми 3 ҳафтаи охир маротибаи 7-ум аст, ки мулоқоти муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода ва гурӯҳи корӣ бобати татбиқи Консепсияи ба низоми барқӣ гузаштани нақлиёти мусоифирбари таксӣ бо ронандагону масъулини Ҷамъиятҳои мусофиркашонии хизматрасонии таксӣ идома дорад. Инак чунин як мулоқот бо ронандагони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Холдинги Осиё-гурӯҳ” баргузор карда шуд.

Пеш аз оғози мулоқот, муовини Раиси шаҳри Душанбе-сарпарасти соҳаи нақлиёт Фирдавс Саидзода ва намояндагони сохторҳои шаҳрӣ аз якчанд тамғаҳои нави нақлиётҳои барқӣ, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Холдинги Осиё-гурӯҳ” ворид карда шудаанд, боздид намуданд.

Сипас, дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино мулоқоти муовини Раиси шаҳри Душанбе ва намояндагони сохторҳои шаҳрӣ бо ронандагону масъулини Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Холдинги Осиё-гурӯҳ” баргузор шуд.

Масъулин дар мулоқот ба ду масъала таваҷҷуҳ кард карданд. То соли 2026 гузаштани нақлиётҳои кироякаши таксӣ ба нақлиёти барқӣ ва сатҳи хизматрасонӣ дар ҷамъиятҳои кироякашӣ таксӣ.

Маълум шуд, ки феълан дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Холдинги Осиё-гурӯҳ” 4 нақлиёти барқӣ фаъолият дорад. Баромадкунандагон аз ин омор изҳори нигаронӣ намуда аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки теъдоди нақлиёти барқиро дар ҷамъият зиёд намуда, ҳамзамон сатҳи хизматрасонии худро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монанд.

Дар идомаи мулоқот миёни масъулин ва ронандагон саволу ҷавоби ошкоро сурат гирифт, ки ронандагон ба тамоми саволу ҷавобҳои худ посух гирифтанд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"