Дар назди бозорҳои шаҳри Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ниёзи аввалия доир гардида истодааст
Бахшида ба фаро расидани иди саиди фитр тайи ду рӯз мешавад, ки дар назди ҳама бозорҳои шаҳри Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ниёзи аввалия доир гардида истоддааст, ки дар он ҳама намуди маҳсулоти агросанативу кишоварзӣ бо нархҳои дилхоҳ ба фурӯш гузошта шудааст. Инак ҳайати гурӯҳи эҷодии Телевизиони Душанбе аз ярмаркаи рамазонии назди Корхонаи воҳиди давлатии Бозори Саховат дидан кардан карданд.
Дар ин ярмарка айён гардид ҳама намуд молу маҳсулоти ниёзи аввалия, сар карда аз орд, равған, шакар, биринҷ, тухм, гӯшти чорво, пиёзу картошка, меваҷот ва дигар анвои гуногуни молу маҳсулоти барои сокинон лозима бо нархи дастрас пешкаш гардида буд.
Дар ярмаркаи баргузоршуда намояндагони Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Корхонаи воҳиди давлати «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатии худро аз қабили пиёзу картошка, караму сабзӣ, гӯшти чорво ва орду равған, ки дар айни ҳол серталабот мебошанд, дар назди «Бозори Саховат» бо нархи нисбатан арзон пешниҳоди меҳмонону сокинони пойтахт гардониданд.
Бояд гуфт, ки чунин иқдом аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳама иду ҷашнҳо пайваста роҳандозӣ карда мешавад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ