image

Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2024» дар н.Фирдавсӣ

date_range03.05.2024, 10:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye67

Бо мақсади ҳавасмандгардонидани омӯзгоронии фаъоли муассисаҳои таълимӣ, дастгирии моддӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри инкишофи рағбати омӯзгорон ба ташаббускорию эҷодкорӣ ва тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарин аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамасола миёни кормандони соҳаи маориф озмунҳои соҳавӣ доир карда мешавад.

Дар даври ноҳиявии озмуни «Омӯзгори сол-2024» намояндагони шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар даври муассисавии озмун ғолиб омаданду ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд ширкат варзиданд. Пеш аз оғози озмун хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 баҳри болидахотирии ҳозирин як чорабинии фарҳангиро бо сароидани сурудҳо дар васфи ватани азизамон Тоҷикистон доир намуданд.

Сипас намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия ба сухан баромада ба иштирокдорон ҷиҳати иштирокашон дар ин озмун барору комёбӣ таммано намуда, баргузории ингуна озмуну ҳамоишҳоро дар айни ҳол амри зарурӣ донистанд.

Бояд гуфт, ки даври муассисавии озмуни Омӯзгори сол-2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ моҳи феврал дар ҳудуди ноҳия бо иштироки наздик ба 320 нафар омӯзгор роҳандозӣ гардида буд, ки аз ин шумора 22 нафарашон ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифта, дар ин озмун маҳорати худро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намуданд.

Сипас тариқи қуръапартоӣ даври ноҳиявии озмуни Омӯзгори сол-2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ ба кори худ оғоз бахшид.

Гуфта мешавад, ки озмун бо мақсади ошкор ва дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар ва эҷодкор аз рӯи фанҳои ихтисосӣ, қадрдонии меҳнати омӯзгорон ва баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа, рушди маҳорати касбии омӯзгорони фаннӣ ва тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарини фаннӣ баргузор мегардад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар асоси Низомномаи озмун маҳорату малакаи ҳар як омӯзгор аз рӯи шартҳои дарси намунавӣ аз рӯи фанҳои ихтисосӣ, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ ҷавоби дуруст ба 10 савол, кор бо компютер ва тахтаи электронӣ дар дарсҳои фанҳои ихтисосӣ ва ҳалли муаммоҳои педагогӣ-психологӣ санҷида мешаванд. Ба иттилои дасттандаркорон аз шумораи умумии иштирокдорони даври ноҳиявии озмун баъд аз хулосабароии ҳайати ҳакамон бояд 1 нафар ба даври шаҳрӣ роҳхат гирад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"