image

Ҷамъбасти озмуни шаҳрии «Коррупсия-фоҷеаи миллат!»

date_range03.05.2024, 11:17 chat_bubble_outline0 remove_red_eye91

Дар муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо мақсади иҷрои нақшаи амалинамоии Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 озмуни шаҳрии “Коррупсия-фоҷеаи миллат!”, ки аз санаи 17 апрел то 1 май дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ҷамъбаст гардид.

Қабл аз оғози озмун намояндагон аз сохторҳои гуногун аз расмҳои ба намоиш гузошташудаи хонандагони дидан намуданд.

Дар ҷамъбасти озмуни шаҳрии «Коррупсия-фоҷеаи миллат!» сардори шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Шодком Турсунзода, муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе роҳбарият ва омӯзгорону таълимгирандагони Марказ ширкат намуданд.

Зимни баромад гуфта шуд, ки, яке аз роҳҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ин ташаккули шуури зидди коррупсионӣ ва фарҳанги зидди коррупсионӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ мебошад, ки дар ҷараёни он насли наврас ва дар навбати худ падару модарони онҳо ва аҳли маориф оид ба зуҳуроти коррупсия ҳамчун падидаи воқеияти номатлуби муосир маълумоти муайян пайдо менамоянд ва аз роҳҳои пешгирии паҳншавии он бархӯрдор мегарданд.

Дар фарҷоми он ба ғолибони озмуни расми беҳтарин ва иншои беҳтарин миёни таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Душанбе диплому сипоснома супорида шуд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"