image

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ ДАР ДОИРАИ МОҲВОРАИ ҶАВОНОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range07.05.2024, 10:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye62
ш.Душанбе. 06.05.2024. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, дар фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши тантанавию фарҳангии ҷавонони шаҳри Душанбе дар доираи оғози моҳвораи ҷавонон таҳти унвони “Фахр дорам тоҷикам ман, ифтихорам тоҷикист” доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати оғози моҳвораи ҷавонон табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки бо дастгириву таваҷҷуҳ ва сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ гардидани ташаббусу иқдомҳои ҷавонон шароит ва имконияти фаррохе фароҳам оварда шудааст.
Нақш ва мавқеи ҷавонон дар ҷомеаи кунунӣ мақоми асосиро касб намуда, фаъолияти ин қишри ояндасози кишвар дар пешбурди дилхоҳ соҳа ба таври назаррас эҳсос мегардад. Дар шароити пешрафти босуръати ҷомеаи зудтағйирёбанда, раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои милливу умумибашарӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардан ба имрӯзу ояндаи насли наврасу ҷавон яке аз масъалаҳои муҳиму саривақтӣ маҳсуб меёбад.
Пойтахти азизамон шаҳри Душанбе бешак хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст ва шаҳрест шаҳри пур аз шуру шавқи ҷавонону ҷавонон. Дар ин макон орзуву ормонҳо амалӣ ва ташаббусу иқдомҳои зиёде баҳри шинохти воқеии миллат татбиқ гардида, шинохту ҳастии ҳар ҳамватанамон аз ин шаҳри орзуҳо сарчашма мегирад.
Дар идома сурудҳои таҷассумгари меҳру муҳаббати Ватан аз ҷониби аҳли фарҳангу санъати пойтахт пешниҳоди иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.